Название: Таъсири интернет ба афкори наврас
Описание: Интернет: плюсы и минусы. Статья на таджикском.~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~Интернет ва таъсири он ба афкору рафтори наврас27.01.2014 - 09:19Махсус ба сомонаи НаҳзатЯке аз масъалаҳои мубраме, ки имрӯз бояд сари он андеша кард, ин таъсиррасонии техноложии навин дар афкору рафтори насли наврас аст. Албатта, ҷавонони мо бо техноложии муосир бояд ба хубӣ ошноӣ дошта бошанд ва ин амри зарурист. Зеро пешрафт ва замонавӣ буданро бидуни ошноӣ бо техноложии нав, хусусан интернет тасаввур кардан номумкин аст. Суръати пешрафти техноложии аср бо вуҷуди оне, ки фоидаҳое барои башар фароҳам оварда бошад ҳам, зиндагии инсонро бо таҳдидҳои ҷиддӣ ва хатарноке низ рӯ ба рӯ сохтааст. Метавон гуфт, техноложии навин хатарҳоеро эҷод намудааст, ки гоҳо ба нобудии ҳаёти моддӣ ва маънавии инсон меанҷомад.
Добавлен: 27 янв 2014